Ноябр 11, 2022 17:55 Asia/Dushanbe
  • Шайх Ҳусайн Ал Дейҳӣ: Режими Баҳрайн бо пул, раъй мехарад

Муовини дабири кулли Ҷамъияти вифоқи миллии исломии Баҳрайн, таъкид кард, режими Оли Халифа дар Манома бо пул раъй мехарад.

Интихоботи порлумонии Баҳрайн 12 ноябри 2022 (фардо) баргузор мешавад, инқилобиюн аз моҳҳо пеш дарсадади таҳрими он баромадаанд, чаро ки ин интихоботро озод ва ба нафъи мардуми Баҳрайн намедонанд.

Ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ низ ин интихоботро фоқиди ҳаддиақалии шафофият ва стандартҳои демократӣ медонанд.

Ба гузориши шабакаи телевизиюнии Ал Олам, Шайх Ҳусайн Ал Дейҳӣ, муовини дабири кулли Ҷамъияти вифоқи миллии исломии Баҳрайн дар як мусоҳибаи телевизиюнӣ, дар бораи интихобот дар Баҳрайн гуфт, режими Баҳрайн ба иҷрои барномаҳои ҷаълӣ, одат кардааст ва дар он, бо пул раъй мехарад.

Ал Дайҳӣ афзуд, неруҳои мухолифи Баҳрайн дар хориҷ аз кишвар, дохил ва фаъолони сиёсии иҷтимоӣ дар зиндонҳои ин кишвар, ҳамагӣ бо истинод ба вазъияти хафақону диктотории режими Оли Халифа ва бетаваҷҷӯҳӣ ба хост ва иродаи мардум, тасмим ба таҳрими ин интихобот гирифтаанд.

Вай бо баёни инки ба рағми талошҳои васеъи режими Баҳрайн барои хариди оро ва имконоти андаки мухолифон, ин режим бо як шикасти дипломатӣ мувоҷеҳ шудааст, таъкид кард, тасмим барои таҳрими интихобот дар посух ба даъвати оятуллоҳ Исо Қосим, рӯҳонии мавриди эҳтироми мардуми Баҳрайн сӯрат гирифтааст.