Ноябр 27, 2022 10:47 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба саёдони фаластинӣ дар обҳои Ғаза
    Ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба саёдони фаластинӣ дар обҳои Ғаза

Низомиёни саҳюнист ба моҳигирони фаластинӣ дар шимоли навори Ғаза ҳамла карданд.

Моҳигирони фаластинӣ ба таври рузона бо озор ва азиятҳои қоиқҳо ва низомиёни режими ишғолгари саҳюнисӣ ру ба ру мешаванд ва режими кудакуши саҳюнистӣ тавофуқномаи имзошуда бо фаластиниҳо, ки дар тобистони соли 2014 бо миёнҷигарии Миср миёни ин режими нажодпараст ва гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ имзо шудро дар таври пай дар пай нақз мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии Маъо Фаластин, қоиқҳои ҷангии режими нажодпараст шанбе шаб ба сӯи моҳигирони фаластинӣ, ки машғули сайд дар шимоли Ғаза буданд тирандози ва гази ашковар партоб карданд.

Бар асоси ин гузориш низомиёни ишғолгари саҳюнист саёдони фаластиниро маҷбур карданд то минтақаи сайди худро тарк кунанд.

Панҷшанбеи гузашта низ моҳигирони фаластинӣ дар обҳои муқобили навори Ғаза дар ҳоли сайд буданд, ки бо юриши неруи дарёи режими нажодпараст ру ба ру шуданд.

 

Барчасп