Ноябр 29, 2022 12:49 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти қатъномаи зиддиэронии Шӯрои ҳуқуқи башар аз сӯи Сурия

Вазири хориҷаи Сурия қатъномаи ахир дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Миллал алайҳи Эрон ва баҳрабардории кишварҳои ғарбӣ аз созу корҳои байналмилалӣ барои аҳдофу мақосиди сиёсии худро маҳкум кард .

Ба гузориши ИРНА дар гуфтугуи телефонии Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ва Файсал Алмиқдод-вазири хориҷаи Сурия дар хусӯси таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмиллалӣ ва равобити дуҷониба гуфтугӯ ва табодули назар шуд.Вазири хориҷаи Сурия дар ин гуфтугӯ қатъномаи ахир дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Миллал алайҳи Эрон ва баҳрабардории кишварҳои ғарбӣ аз созу корҳои байналмилалӣ барои аҳдофу мақосиди сиёсии худро маҳкум кард .Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид ба коргардонии Олмон панҷ шанбе  28 ноябр қатъномаи зиддиэронӣ дар бора ончӣ " вазъияти ҳуқуқи башар дар Эрон " хонда шудаастро тасвиб кард .

Тасвиби ин қатънома ба маънои мувофиқати Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид бо эҷоди як " ҳайати ҳақиқатёб " дар бораи иддаоҳо дар хусӯси " нақзи ҳуқуқи башар тавассути Эрон " дар иғтишошоти ахир аст .

Барчасп