Гуфтугӯи телефонии Гутерриш бо нахуствазири Ироқ
Дабири кулли Созмони Милал дар гуфтугӯи телефонӣ бо нахуствазири Ироқ бар омодагии ин созмон барои ҳимоят аз давлати вай таъкид кард.
Ба гузориши рӯзи ҷумъаи “Фуротнюс”, Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милал дар гуфтугӯи телефонӣ бо Муҳаммад Шаёъ Ас-Судонӣ, нахуствазири Ироқ бар омодагии СММ барои ҳамкорӣ бо давлати вай ва ҳимоят аз он дар тамоми заминаҳо таъкид кард.
Гутерриш ҳамчунин бар тавваҷуҳи СММ ба авлавиятҳои давлати Ироқ барои ҳимоят аз тамоми гуруҳҳои ин кишвар ва муқобила бо чолишҳову кумак ба Ироқ барои убур аз мушкилот, аз ҷумла камбуди об ва паёмадҳои тағйироти обу ҳавоӣ таъкид кард.
Дабири кулли СММ нақши меҳварии Ироқ дар минтақа ва тавоноии он барои миёнҷигарӣ ва наздик кардани дидгоҳҳои кишварҳову ҳимоят аз тасбити субот дар минтақаро сутуд.
Ас-Судонӣ низ аз талошҳои СММ барои кумак ба Ироқ дар парвандаҳои инсонӣ ва тавсеаву ҳимоят аз ҳокимияту ҳифзи амнияти Ироқ қадрдонӣ кард.