Шаҳри торихии Тадмур ҳамчунон дар ихтиёри нерӯҳои давлатии Сурия
Артиши Сурия интишори бархе гузоришҳо аз сӯйи манобеи ғарбиву арабиро дар бораи нуфузи афроди гурӯҳи террористии ДИИШ ба дохили шаҳри торихии Тадмур (Палмиро) такзиб кард.
Ба гузориши шабакаи телевизионии “Алолам”, артиши Сурия дар баёнияе эълом кард, нерӯҳои артиши Сурия ҳамчунон дар пойгоҳҳои худ дар шаҳри Тадмур мустақар ҳастанд ва контроли шаҳрро дар даст доранд.
Хабарнигори шабакаи “Алолам” низ бо таъйиди даргириҳо миёни нерӯҳои артиши Сурияву нерӯҳои ҳампаймон бо террористҳои ДИИШ дар минтақаи Аломира, дар шимоли шаҳри торихии Тадмур, дар вилояти Ҳумс эълом кард, даргириҳо дар ин минтақа иртиботе ба Тадмур надорад.
Шаҳри торихии Тадмур ё Палмиро соли гузашта, пас аз чанд ҳафтаи набарди сангин байни нерӯҳои артиш ва террористҳо, аз ишғоли ДИИШ хориҷ шуд.
ДИИШ дар муддати ишғоли Тадмур илова бар тахриби густардаи осори бостонии ин минтақа, садҳо тан аз сокинони ин шаҳрро ба сабаби ҳимоят аз давлати Димишқ қатли ом карда буд.