Таъкид бар густариши муносиботи дуҷонибаи Теҳрон ва Димишқ
Декабр 11, 2022 18:32 Asia/Dushanbe
Дар дидори муовини консулии вазорати хориҷаи Эрон бо вазири умӯри хориҷаи Сурия, бар густариши муносиботи дуҷонибаи Теҳрон ва Димишқ таъкид шуд.
Алиризо Бегдилӣ, муовини консулии вазорати умӯри хориҷаи Эрон бо Файсал Миқдод, вазири хориҷаи Сурия дидор кард.
Ба гузориши ИСНА, Алиризо Бегдилӣ, ки дар садри ҳайате ба Димишқ сафар кардааст бо Файсал Миқдод, вазири хориҷаи Сурия дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин дидор Меҳдии Субҳонӣ, сафири Эрон дар Димишқ низ ҳузур дошт.