Декабр 21, 2022 10:07 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи саҳюнистҳо ба тазоҳуроти фаластиниён дар Алхалил
    Ҳамлаи саҳюнистҳо ба тазоҳуроти фаластиниён дар Алхалил

Манобеъи хабари аз юриши низомиёни саҳюнист ба тазоҳуроти фаластиниён дар Алхалил воқеъ дар Каронаи Бохтари руди Урдун хабар доданд.

Носир Абуҳамид асири 50 солаи фаластинӣ аз аҳолии урдугоҳи Алмаъри дар бахши Ромаллоҳ дар Каронаи Бохтари руди Урдун ба хотири эҳмоли пизишки қасдии идораи зиндониёни режими саҳюнистӣ дар қиболи асирони бемори фаластинӣ дар бемористони Асофи Ҳаруфия ба шаҳодат расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории расимии Фаластин Вафо теъдоди аз фаластиниён дар минтақаи байти Амр Алхалил дар маҳкумияти шаҳодати Носир Абуҳамид асири фаластинӣ дар банди режими саҳюнистӣ тазоҳурот карданд.

Бар асоси ин гузориш низомиёни саҳюнист ба ин тазоҳурот ҳамла ва ба самти муътаризон гулулаи ҷанги шилик ва гази ашковар партоб карданд, ки бар асари он даҳҳо фаластинӣ захми шуданд.

Бар асоси гузоришҳо низомиёни саҳюнист ҳамчунин ба минтақаи Алтур воқеъ дар Ноблус низ юриш бурданд ва бо фаластиниён даргир шуданд.

Дар ин гузориш омада аст низомиёни саҳюнист ҳамчунин гузаргҳи Қаландиё воқеъ дар шимоли қудси ишғолиро ба руи фаластиниён бастанд ва аз рафту омади онҳо пешгири карданд.

Ҳуқуқи мардуми мазлуми Фаластин беш аз 70 сол аст, ки зери пойи режими ишғолгари саҳюнистӣ поймол мешавад ин режими нажодпараст дар муддати зикр шуда ваҳшиёнатарин ҷиноятҳоро зидди фаластиниён анҷом дода аст.

 

Барчасп