Ганс : Натаняҳу барои амнияти дохилии Исроил хатарнок аст
Вазири ҷанги собиқи режими саҳюнистӣ бо ибрози нигаронӣ нисбат ба афзоиши танишҳо дар сарзаминҳои ишғолӣ бо рӯйӣ кор омадани кабинаӣ ҷадид гуфт ; « Бинёмин Натанёҳу-нахуствазири ҷадиди ин режим тундрав ва барои амнияти дохилии ин режим хатарнок аст .
Порлумони режими саҳюнистӣ ( кнессет ) рӯзи панҷшанбе ба сиюҳафтумин кабинаи режими Исроил ва шашумин кабина ба раёсати Натанёҳу-раҳбари ҳизби ростгарои Ликуд райи эътимод дод .Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Бенни Ганс-вазири ҷанги собиқи режими саҳюнистӣ дар изҳороте тасреҳ кард : Дар сурати рафтори ғайримасъӯлонаи кабинаи ҷадиди ин режим, танишҳои амниятӣ эҷод хоҳад шуд .
Ганс пештар низ кабинаи ҷадиди ин режим ба раёсати Натанёҳуро хатарнок, ифротӣ ва ғайримасъӯл арзёбӣ карда ва гуфта буд : « Кабинаи ҷадид Исроилро ба самти нобудӣ хоҳад бурд . »
Ахиран Яир Лапид-нахуствазири пешини режими саҳюнистӣ низ дар изҳороте бо ҳамла ба Натанёҳу ӯро « заъифтарин нахуствазир »-и ин режим ва кабинаи вайро « кабинаи ҷунун » номид .
Гуфтанӣ аст, кабинаи ҷадиди Натанёҳу ростгаротарину ифротитарин кабина дар таърихи Исроил ба шумор меояд ; дар таркиби кабинаи ҷадиди ин режим ҳузури чеҳраҳое, ки собиқаи маҳкумият доранд дар дохили ташкилоти режим ، ҷанҷолофарин шудааст .
Порлумони режими саҳюнистӣ рӯзи панҷшанбе дар ҷараёни раъйи эътимод ба кабинаи муаррифишудаи Натаняҳу ба унвони нахуствазири мукаллаф дучори таниш ва ташаннуҷ шуд.
Ҳамзамон бо таниш дар кинессети режими саҳюнистӣ садҳо нафар аз саҳюнистҳои муътариз низ дар хориҷ аз кинессет ба муаррифии кабинаи Натаняҳу эътироз карданд.