Январ 08, 2023 19:18 Asia/Dushanbe
  • Афви Байналмилал: Арабистон барои сокит кардани садоҳои мунтақид талош мекунад

Созмони Афви байналмилал расвоии ҷадиди Оли Сауд дар ба хизмат гирифтани афрод барои интишори иттилооти ҷиҳатдиҳӣ шуда аз Арабистон дар донишномаи «Wikipedia»-ро баёнгари мизони талоши ҳукӯмати Саудӣ барои сокит кардани садоҳо ва назароти мунтақид донист.

«Wikipedia» моҳи гузашта, мамнуияти ҷаҳонии 16 корбарро эълом кард, ки дар фароянди вироиши мутазод бо манофеи пружаҳои «Wikipedia»дар минтақаи ғарби Осиё ва шимоли Африқо мушорикат доштанд.

Бар асоси ин баёния, ду тан аз мудирони сатҳи боло ва дорои имтиёзи дастрасӣ ба абзорҳои хусӯсии «Wikipedia», аз ҷумла вироиши комили сафаҳоти муҳофизатшуда, аз замони дастгирӣ дар сентябри 2020 токунӯн ҳамчунон дар зиндон басар мебаранд.

Ба гузориши ИРНА, Созмони Афви Байналмилал дар сафҳаи шахсии худ дар “Твиттер” навишт, дар ҳоле, ки ҷаҳони пешрафт (сурӣ)-и Арабистонро ҷашн мегирад, мақомоти Саудӣ дар ҳақиқат талошҳои бесобиқае барои кантрол бар иттилооти мунташир шуда дар бораи Арабистон ва дурахшон ҷилва додани ваҷҳаи он анҷом медиҳанд.

 

Барчасп