Тафоҳумномаи ҳаҷи таматуъи 1402 миёни Арабистон ва Эрон имзо шуд
(last modified Tue, 10 Jan 2023 14:51:37 GMT )
Январ 10, 2023 19:51 Asia/Dushanbe
  • Тафоҳумномаи ҳаҷи таматуъи 1402 миёни Арабистон ва Эрон имзо шуд
    Тафоҳумномаи ҳаҷи таматуъи 1402 миёни Арабистон ва Эрон имзо шуд

Тафоҳумномаи ҳаҷи таматуъи 1402 барои эъзоми ҳоҷиёни Эрон миёни раиси созмони ҳаҷу зиёрат ва вазири ҳаҷ ва умраи Арабистон ба имзо расид.

Музокирот ва имзои тафоҳумномаи ҳаҷи таматуъи 1402 миёни раиси созмони ҳаҷ ва зиёрат ва вазири ҳаҷ ва умраи Арабистон дар фазои комилан самимона ва дустона анҷом гирифт ва тарафайн дар хусуси мавзуъоти марбут ба ҳаҷи соли ҷорӣ гуфтуг ва табодули назар карданд.

Шабакаи Ал-Ахбори Арабистони Саъудӣ низ имруз эълом кард вазири ҳаҷи Арабистонии Саъудӣ гуфта аст, ки давлати кишвараш маҳдудиятҳои короноиро барои ҳоҷиён эъмол намекунад.

Арабистон бо густариши вируси корона дар солҳои 2020, 2021 ва 2022 маҳдудиятҳое дар хусуси теъдод ва сини ҳоҷиён ба манзури пешгири аз ҳамагирии корона вазъ карда буд, ки дар соли 2023 маҳдудияти сини барои он даста аз ҳоҷиён аз 18 то 65 сол буд, ки воксани Ковид-19ро ба таври комил дарёфт карда буданд ва натиҷаи озмоиши корона манфи ва ба бемориҳои сирояткунанда мубтало набуданд.