Декабр 13, 2016 21:18 Asia/Dushanbe
  • Боздошти масъули эъдомҳо дар шарқи Ҳалаби Сурия

Яке аз саркардагони гурӯҳи террористии Ҷибҳа-Алнусра ва масъули иҷрои эъдомҳо дар шарқи Ҳалаб пеш аз он, ки муваффақ ба фирор аз минтақа шавад, ба дасти нерӯҳои артиши Сурия боздошт шуд.

Юсуф Фаҳд Диб, аз саркардагони гурӯҳи террористии Ҷибҳа-Алнусра (Фатҳулшом) пас аз боздошт дар бозҷуиҳо эътироф кард, аносури таҳти фармонаш даҳҳо нафарро дар шарқи Ҳалаб эъдом кардаанд .

Бисёре аз афроде, ки ба гуфтаи вай, бо ҳукми додгоҳи ба истилоҳ шариати ДИИШ эъдом шудаанд, тирборон шуданд, то дигарон битарсанд.

Ҳамчунин Абдуллоҳ Алмуҳиснӣ, қозии шаръи худхондаи гурӯҳи террористии Ҷайшулфатҳ баъди шикасти комили террористҳо дар Ҳалаб ва озодии ин шаҳр, сафҳаи шахсии худро дар Твиттер баст.

Коршиносон бар ин боваранд, ки бо озодии Ҳалаб воқеиятҳои бештаре аз ҷиноёти террористҳо дар ин шаҳр ва дар саросари Сурия фош хоҳад шуд ва расвоиҳои бештаре барои ҳомиёни байналмилалии гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ба бор хоҳад омад .

 

Барчасп