Таслими 1500 муоризи мусаллаҳ дар ҷануби Димишқ
Ҳазору 500 муоризи мусаллаҳи сокини шаҳраки Канакар дар ҷануби Димишқ барои истифода аз афви раёсатҷумҳури Сурия, худро ба давлати ин кишвар таслим карданд.
Ба гузориши хабаргузории расмии Сурия "Сана", ин муоризон бо таҳвили силоҳу муаррифии худ ба ниҳодҳои марбут, хостори оддисозии парвандаи худ ва бозгашт ба зиндагии оддӣ бар асоси бандҳои бахшномаи 15 афви раёсатҷумҳури Сурия шуданд .
Ин афрод мутааҳҳид шуданд, аз ин пас дар ҳеч иқдоми барҳамзанандаи амнияти миллӣ ширкат накунанд .
Токунун ҳазорон нафар аз муоризони мусаллаҳи сокинони манотиқи мухталифи устони Рифи Димишқ бо истифода аз афви раёсатҷумҳурӣ ва пас аз баррасӣ ва оддисозии вазъияти худ ба зиндагии табиӣ бозгаштаанд .
Бар асоси бахшномаи 15 афви раёсатҷумҳурии Сурия дар соли 2016, афроди ҳамлкунандаи силоҳ ва касоне, ки ба далели иқдом ба нигаҳдории силоҳ кардаанд ва фирориён аз муҳокимаи қазоӣ дар сурати таслими худ, аз тамоми муҷозотҳо муоф мешаванд .
Теъдоди афроди мусаллаҳе, ки хоҳони истифода аз афви раёсатҷумҳурӣ ҳастанд, пас аз пирӯзиҳои чанд рӯзи гузаштаи артиши Сурия, бавижа озодсозии шаҳри Ҳалаб аз ишғоли террористҳо, афзоиш пайдо кардааст .