Изҳороти аҷиби подшоҳи Арабистон дар бораи Яман
(last modified Wed, 14 Dec 2016 16:36:17 GMT )
Декабр 14, 2016 21:36 Asia/Dushanbe
  • Изҳороти аҷиби подшоҳи Арабистон дар бораи Яман

Дар ҳоле ки 21 моҳ аз оғози ҳамалоти Арабистон ба Яман бо ҳадафи баргардонидани раисҷумҳури мустаъфии ин кишвар ба қудрат мегузарад, подшоҳи Арабистон дар изҳороти аҷибе муддаӣ шуд, Риёз дар садади дахолат дар умури дохилии Яман нест.

Ба гузориши ИРНА, Салмон ибни Абдулазиз, подшоҳи Арабистон, ки рӯзи чаҳоршанбе дар ифтитоҳияи ҳафтумин давраи Маҷлиси Шӯрои ин кишвар суҳбат мекард, дар айни ҳол гуфт, амнияти Яман бахше аз амнияти Арабистонро ташкил медиҳад. Подшоҳи Арабистон ҳамчунин муддаӣ шуд, ки Риёз ба ҳамкории худ бо ҷомеаи байналмилал барои таҳаққуқ бахшидан ба сулҳи ҷаҳонӣ идома хоҳад дод. Малик Салмон афзуд, Арабистон бо ҳар кас, ки хостори тундравӣ ва ё муболиға кардан дар дин бошад, муқобила хоҳад кард. Подшоҳи Арабистон иддао кард, кишвараш аз ҳар гуна роҳҳалли сиёсӣ барои ҳалли буҳронҳои байналмилалӣ бо ҳадафи фароҳам омадани заминаи рушду тавсеа ҳимоят мекунад.

Изҳороти Малик Салмон дар бораи мудохила накардан дар умури Яман ва ҳимояти Риёз аз роҳҳои сиёсӣ барои буҳронҳои байналмилалӣ дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Арабистон аз моҳи марти соли 2015 бо ҳадафи баргардонидани Абдуррабар Мансур Ҳодӣ, раисҷумҳури мустаъфии Яман ба қудрат ба ин кишвар ҳамла карда, то кунун ҳазорон нафар аз мардуми бедифои Яманро ба хок ва хун кашидааст.

 

Барчасп