Декабр 15, 2016 18:59 Asia/Dushanbe
  • Даҳҳо саррофӣ дар Ироқ муттаҳам ба ҳимояти молӣ аз ДИИШ шуд

Узви Комиссияи иқтисодии парлумони Ироқ аз муттаҳам шудани даҳ‎ҳо саррофӣ дар ин кишвар ба ҳимояти молии гурӯҳи террористии ДИИШ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории «Баросо»-и Ироқ, Моҷида Тамимӣ, узви Комиссияи иқтисодии парлумони Ироқ рӯзи панҷшанбе гуфт, парвандае дар дастгоҳи додгоҳии Ироқ бо мавзӯи ҳимояти молии 37 саррофӣ аз ДИИШ дар дасти баррасӣ аст. Ӯ афзуд, Комиссияи иқтисодии парлумони Ироқ чанд моҳ пеш номаҳое аз додгоҳи таҷдиди назари яке аз ноҳияҳои вилояти Бағдод мабнӣ бар фасоди молии 37 саррофӣ ва интиқол ёфтани амволе аз ин марказҳо ба ДИИШ дарёфт карда буд. Тамимӣ гуфт, ин номаҳо бо истинод ба иттилооти дарёфтӣ аз дастгоҳҳои истихборотии Ироқ таҳия шуда буд ва таҳқиқоти марбут ба ин парванда ҳамчунон идома дорад.

Ба гуфтаи коршиносон, хушкондани манобеи таъмини молии гурӯҳҳои террористии ДИИШ дар канори набардҳои майдонӣ ба суръат ёфтани нобудии ин гурӯҳҳо кӯмак мекунад.

 

Барчасп