Декабр 15, 2016 21:02 Asia/Dushanbe
  • Шикаст дар Ҳалаб террористҳоро ба ҷони ҳам андохт

Озодсозии Ҳалаби Сурия ва шикасти сангини террористҳо дар ин шаҳр сабаб шудааст, ки гурӯҳҳои террористӣ ба ҷони ҳам афтанд ва барои сарҳои буридаи рақибони худ ҷоиза таъйин кунанд.

Ба гузориши пойгоҳи «Лубнон ан-нашара», гурӯҳи террористии ДИИШ эълом кард, ки ҳар кас битавонад сари Абдуллоҳ Муҳисинӣ, муфтии гурӯҳи террористии мавсум ба «Ҷайш-ул-фатҳ» (шохаи «Ҷабҳат-ун-нусра»)-ро аз танаш ҷудо кунад, ним миллион доллар ҷоизаи нақд дарёфт мекунад.  ДИИШ эълом кардааст, ки Муҳисинӣ дар ҳоли ҳозир дар вилояти Идлиби Сурия ҳузур дорад ва номи комили ӯ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Сулаймон Муҳисинӣ аст. Ин гурӯҳи террористӣ иттиҳоми Муҳисиниро «ҷосусӣ барои яке аз кишварҳои хориҷӣ ва эҷоди фитна дар суфуфи ДИИШ» эълом кардааст.

Абдуллоҳ Муҳисинӣ як мубаллағи ваҳҳобии Саудӣ аст, ки дар риштаи фиқҳи татбиқӣ аз Донишгоҳи Имом Муҳаммад ибни Саудии Арабистон унвони докториро гирифтааст. Ӯ соли 2013 аз Арабистон ба Сурия эъзом шуд, то ба унвони "қозии шаръ" барои гурӯҳҳои террористии мусаллаҳ дар Сурия, монанди ДИИШ, «Ҷабҳат-ун-нусра» ва «Аҳрор-уш-Шом» қазоват кунад. Абдуллоҳ дар оғоз ба гурӯҳи террористии ДИИШ алоқаманд шуд, аммо пас аз он назари худро тағйир дода, моҳи феврали соли 2014 ба «Ҷабҳат-ун-нусра» (шохаи «ал-Қоида» дар Сурия) гароиш ёфт ва акнун узви «Ҷайш-ул-фатҳ»-и вобаста ба «Ҷабҳат-ун-нусра» аст.