Қадрдонии сафири Сурия аз кумакҳои Эрон ба зилзилазадагон
Сафири Сурия дар Теҳрон аз кумакҳову истодагии мардуму давлати Эрон дар канори мардуми зилзилазадаи Сурия қадрдонӣ кард.
Ду заминларза ба бузургии 7. 5 ва 7. 8 риштер душанбеи шашуми феврал манотиқи ҷанубии Туркия ва шимоли Сурияро ба ларза даровард.
Конуни ин заминларза устони Қаҳрамонмараш дар ҷануби Туркия буд, аммо ин ду зилзила илова бар даҳ устони ҷанубии ин кишвар, дар манотиқе дар шимоли Сурия низ талафоту хисороти сангине барҷой гузоштааст.
Аз ин рӯ аз ҳамон соати ибтидои вуқӯи заминларза дар Туркия ва Сурия, Ҷумҳурии исломии Эрон барои имдодрасонӣ ба зилзилазадагон эъломи омодагӣ кард ва билофосила зимни ирсоли кумакҳои инсондӯстона, Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Ҷумҳурии исломии Эрон низ имдодгаронро барои кумак ба зилзилазадагон ба ин кишварҳо эъзом кард.
Шафиқ Диёб, сафири Сурия дар Теҳрон гуфт, Эрон ҳамчун гузашта дар канори миллати Сурия истоду кумакҳояшро сари вақт ба Сурия фиристод.
Диёб бо баёни ин ки кишварҳои аврупоӣ ва Амрико муҳосираи якҷонибаву қаҳриро алайҳи Сурия эъмол карданд, афзуд: Ин таҳримҳо боис шуда сатҳу кайфияти зиндагии мардум таҳти таъсир қарор гирад ва дар кумакҳои давлат ба мардум таъсир бигузорад.
Сафири Сурия дар Теҳрон бо баёни ин ки ҳеҷ кумаке аз сӯи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ба ҷуз ду ҳавопаймо аз сӯи Италия ба Сурия ирсол нашудааст, гуфт: Мо хостори он ҳастем, ки ин кишварҳо чорчӯбҳои сиёсиро канор бигузоранду инсонӣ бархӯрд кунанд ва таҳримҳоро барои кумак ба мардуми Сурия ба таври комил лағв кунанд.