Декабр 16, 2016 21:45 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди ошкори Арабистон бар ҳимоят аз мухолифони мусаллаҳи Сурия

Арабистон дар вокуниш ба озодии Ҳалаби Сурия сароҳатан эълом кард, аз мухолифони мусаллаҳ то барандозии низоми ҳоким бар ин кишвар ҳимоят хоҳад кард.

Ба гузориши “Порстудей”, Аҳмад Қаттон, сафири Арабистон дар Қоҳира ва намояндаи ин кишвар дар Иттиҳодияи араб рӯзи панҷшанбе гуфт, Риёз то барандозии давлати Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия, аз мухолифони мусаллаҳи ин кишвар ҳимоят хоҳад кард.

 Намояндаи Арабистон дар Иттиҳодияи араб, ки дар иддаое Башор Асад ва ҳампаймононашро ба куштор дар баробари дидагони ҷаҳониён муттаҳам кард, аз Созмони милал хост, нишасти фавқуллода барои баррасии вазъияти Ҳалаб ташкил диҳад. Ҳамчунин кишварҳои Қатар, Аморот, Туркия ва Кувайт низ бар лузуми баргузории ин нишаст таъкид кардаанд.

Ин дар шароите аст, ки Башор Асад, раисҷумҳури Сурия чаҳоршанбе гуфт, муваффақиятҳои артиши Сурия дар Ҳалаб фаротар аз интизор буд, бинобарин Ғарб ба тариқи мухталиф эъмоли фишор бар давлати Сурияро ташдид кард то роҳе барои наҷоти террористҳо биёбад.