Декабр 17, 2016 17:57 Asia/Dushanbe
  • Боздошти шаҳрванди Сурия дар Арабистон ба далели шодӣ намудан

Пулиси Арабистон як шаҳрванди Сурияро, ки муқими ин кишвар будаасту дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои озодсозии Ҳалаб изҳори хурсандӣ кардааст, боздошт намуд.

Ба гузориши ИРНА, Сомир Лабобидӣ, шаҳрванди 40-солаи Сурия, ки дар яке аз тарабхонаҳои Риёз, пойтахти Арабистон кор мекунад, бо интишори матне дар сафҳаи шахсияш дар “Фейсбук” озодсозии бахши шарқии Ҳалаб ба дасти артиши Сурияро табрик гуфта ва аксеро аз худ мунташир карда буд, ки дар он аломати пирӯзиро нишон медод.

Сухангӯи пулиси Риёз бо интишори баёнияе эълом кард, Сомир Лубобидӣ ибораҳое дар бораи ҷанг дар Ҳалаб ва ҳимоят аз Ҳукумати Сурияро мунташир карда ва ба ҳамин асос, ӯ барои бозҷӯию такмили таҳқиқот боздошт шудааст.

Мақомот Саудӣ, ки аз замони ҳузури террористҳои такфирӣ дар Сурия аз онон ҳимоятҳои молию таслиҳотӣ мекунанд, бо озодсозии Ҳалаб ба шикасти сиёсии бузурге дучор шудаанд, бинобар ин бисёр хашмгин ҳастанд.

 

Барчасп