Башор Асад вориди Иморот шуд
(last modified 2023-03-19T15:38:16+00:00 )
Март 19, 2023 20:38 Asia/Dushanbe
  • Башор Асад вориди Иморот шуд

Шабакаи Алмаёдин аз вуруди Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия ба Иморот хабар дод.

Ба гузориши манбаъ, қарор аст раисиҷумҳури Сурия дар ҷараёни ин сафари расмӣ бо мақомоти Иморот дидору ройзанӣ кунад.
Чанд рӯз қабл низ раисиҷумҳури Сурия дар ҷараёни як сафари расмӣ вориди Маскав шуда ва бо мақомоти олирутбаи ин кишвар дар хусӯси роҳҳои густариши равобити ду ҷониба баҳсу табодули назар кард.
Ин нахустин сафарҳои хориҷии раисиҷумҳури Сурия баъд аз вуқуъи зилзилаи маҳибе ба шумор меравад, ки чанде қабл ин кишварро ба ларза даровард ва ҳазорон кушта ва захмӣ барҷо гузошт.