Март 26, 2023 14:57 Asia/Dushanbe
  • Тафсир - Эъломи истиқрори таслеҳоти ҳастаии Русия дар Беларус аз сӯи Путин

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия эълом кард, дар посух ба ташдиди таҳаррукоти низомии Ғарб ва ҳимояти рӯзафзуни онҳо аз артиши Украина, Маскав бахше аз таслеҳоти ҳастаии тактикии худро дар кишвари Беларус мустақар мекунад.

Путин гуфт: Мо 10 бомбафкан дар Беларус мустақар мекунем, ки қодир ба ҳамли таслеҳоти ҳастаии тактикӣ ҳастанд. Маскаву Минск тавофуқ карданд, ки бидуни нақзи Паймони старти ҷадид, таслеҳоти ҳастаии тактикиро дар хоки Беларус мустақар кунанд. Ба гуфтаи Путин, сохти таъсисоти захирасозии таслеҳоти ҳастаии тактикӣ дар Беларус то аввали июл такмил хоҳад шуд.

Путин ҳамчунин гуфт, ки чунин иқдоме нақзи тавофуқномаҳои манъи густариши ҳастаӣ нест ва афзуд, ки Амрико силоҳҳои ҳастаеро дар қаламрави муттаҳидони аврупоӣ мустақар кардааст. Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус муддатҳост, ки мавзуи истиқрори силоҳҳои ҳастаии тактикӣ дар Беларус, ки ҳам марз бо Полша астро матраҳ кардааст. Раисиҷумҳури Русия дар ин замина гуфт: «Мо бо Лукашенко тавофуқ кардем, ки силоҳҳои ҳастаии тактикиро бидуни нақзи режими манъи густариш дар Беларус қарор диҳем».

Баназар мерасад, Русия дар вокуниш ба афзоиши таҳаррукоти Ғарб ба саркардагии Амрико дар заминаи кумакҳои низомӣ ва таслеҳотӣ ба Украина, ки токунун таъсири ҷуз тулонӣ шудани ҳарчӣ бештари ҷанги Украина ва афзоиши талафоту хисороти ду тарафи ин ҷанг надоштааст, тасмим ба истиқрори таслеҳоти ҳастаӣ дар Беларус, ки муттаҳиди наздики Маскав ва ҳаммарз бо Русия ва Украина аст гирифтааст. Албатта ҳамон гуна, ки Путин низ ишора карда, Амрико муддатҳост, ки таслеҳоти ҳастаии тактикии худро дар 5 кишвари аврупоии узви НАТО, яъне Туркия, Олмон, Италия, Белгия ва Ҳоланд мустақар карда ва бо ин иқдом на фақат таҳдиди набарди ҳастаӣ дар Аврупоро пурранг карда, балки масъалаи вуқуъи ҳаводиси нохостаи ҳастаӣ низ ҳамвора бо таваҷҷуҳ ба ин истиқрори атомӣ вуҷуд дорад.

Нуктаи муҳим инки ба рағми ҳушдорҳои Русия дар бораи афзоиши имкони вуқуъи ҷанги ҳастаӣ бо кумакҳо ва иқдомоти фазояндаи ғарбиҳо дар ҷанги Украина, аммо Маскав бо огоҳӣ аз паёмадҳои ин чунин ҷанге, амалан гоме ба сӯи иқдомоти ҳастаии таҳрикомез сурат надодааст. Ин масъалае аст, ки ҳатто Вашингтон низ ба он изъон кардааст.

Вазорати дифои Амрико (Пентагон) рӯзи шанбе дар баёнияе бо ишора ба эъломи истиқрори таслеҳоти ҳастаии тактикӣ дар Беларус аз сӯи Русия таъкид кард, ки «ба расади ин вазъият идома медиҳем.»

Пентагон афзуд, мо ҳеҷ далиле барои таъдили мавзеи ҳастаии роҳбурдии худ ё ҳеҷ нишонае дар мавриди омода шудани Русия барои истифода аз силоҳи ҳастаӣ мушоҳида накардаем.

Путин пеш аз ин эълом кардааст, ки Русия ҳеҷ кишвареро бо таслеҳоти ҳастаӣ таҳдид намекунад ва танҳо барои дифо аз ҳокимияти худ аз чунин таслеҳоте истифода хоҳад кард. Ғарбиҳо бавижа дар авоили ҷанги Украина ба роҳ андохта ва муддаӣ буданд, ки Русия дар сурати ба бунбаст расидани ҷанг ва ё дахолати НАТО дар ҷанги Украин, аз зарродхонаи ҳастаии худ истифода хоҳад кард. Ин дағдаға замоне эҷод шуд, ки Путин дар рӯзҳои оғозини ҷанги Украина дастур дод то неруҳои ҳастаии стротежии Русия дар ҳолати омодабоши комил қарор гиранд.

Дастури Путин барои омодабоши неруҳои ҳастаии стротежии Русия бештар иқдоме боздоранда дар қиболи ҳар гуна мудохилаи эҳтимолии низомии НАТО ва Амрико дар ҷанги Украина буд. Бо ин ҳол, ғарбиҳо талош карданд то онро таҳдиде қарибулвуқуъ ҷилва диҳанд.

Нуктаи муҳим инки тақвияти тавонмандии ҳастаии Русия дар як даҳаи ахир асосан дар чорчӯби муқобила бо таҳдидоти фазояндаи Ғарб бавижа талоши Амрико барои навсозии густардаи зарродхонаи ҳастаии худ ва низ ба манзури муқобила бо тавсеаталабии НАТО ва густариш ба сӯи Шарқ ва истиқрори сомонаҳои зидимушакии Амрико дар Аврупои Шарқӣ сурат гирифтааст. Дар айни ҳол рӯёруии фазояндаи Русия ва НАТО дар Аврупои Шарқӣ низ дар афзоиши омодагии ҳастаии Русия нақш доштааст.

 

Барчасп