Радиои Би Би Си форсӣ таътил шуд
(last modified Mon, 27 Mar 2023 10:13:50 GMT )
Март 27, 2023 15:13 Asia/Dushanbe
  • Таътилии радиои форсии Би Би Си
    Таътилии радиои форсии Би Би Си

Бахши форсии радиои Би Би Си фаъолияти худро мутаваққиф кард.

Ба гузориши «Иттилоот онлайн», пахши барномаҳои радиои форсии Би Би Си бо охирин барномаи “Чашмандози бомдодӣ”, пас аз наздик ба 83 сол мутаваққиф шуд.

Бахши форсии радиои Би Би Си 28 декабри 1940 мелодӣ расман оғоз ба кор кард ва 26 марти 2023 ба кори худ поён дод.

Авоили соли 2022 сервиси ҷаҳонии Би Би Си муддаӣ шуд, дар ростои тағйироти роҳбурдӣ, бо ҳадафи тамаркуз бар пойгоҳҳои диҷиталӣ бархе аз радиоҳои бахшҳои мухталифи ин расонаро таътил хоҳад кард.

Ин радио дар 82 соли фаъолияти хабарпароканӣ, нақше таъсиргузор дар пиёдасозии тарроҳиҳои истеъмор алайҳи миллати Эрон дошт. Яке аз пуррангтарин давраи асаргузории ин радио марбут ба кудатои 28 мурдод ва суқути давлати миллии доктор Мусаддиқ аст.

Ин радио ҳамчунин дар солҳои пас аз инқилоби исломии 1357 фаъолияти музаввирона алайҳи миллати Эронро идома дод.