Март 28, 2023 17:46 Asia/Dushanbe
  • Размоиши муштараки низомӣ
    Размоиши муштараки низомӣ

Амрикову Кореяи Ҷанубӣ ҳамзамон бо шиллики ду мушаки боллистики Кореяи Шимолӣ, размоиши муштарак баргузор карданд.

Ба гузориши хабаргузории Эн Эч Ки, халабонони ҷетҳои ҷанганда нишасту бархест аз нови ҳавопаймобари «USS Nimitz» - ро тамрин карданд.

Хадама аз протоколҳо барои нигаҳбонӣ аз нови ҳавопаймобари ҳастаӣ итминон ҳосил карданд.

Кореяи Шимолӣ пас аз эъломи тасмими Амрикову Кореяи Ҷанубӣ барои баргузории размоиши муштараки ёздаҳрӯза, ба ҳар гуна иқдоми таҳрикомез ҳушдор дод ва дар ин муддат чандин фарванд навъҳои мушакҳои боллистик шиллик кардааст.

Аммо партобҳои мушакии рӯзи душанбеи Кореяи Шимолӣ монеи баргузории размоиши муштараки Амрикову Кореяи Ҷанубӣ дар минтақа нашуд.

 

Барчасп