Апрел 01, 2023 17:58 Asia/Dushanbe
  • Изъони Амрико ба ночории пазириши раёсати Русия бар Шӯрои амният

Раёсати Русия бар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид оғоз шуд ва амрикоиҳо изъон карданд, ки чорае ҷуз пазириши ин мавзу надоранд.

Ба гузориши Форс, Карин Жан-Пер, сухангӯи Кохи Сафед дар посух ба дархостҳои зиёдахоҳонаи Украина барои мамониат аз раёсати Русия бар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид гуфт, Амрико имкони анҷоми ин корро надорад ва наметавонад, Русия ба унвони яке аз аъзои доими Шӯрои амният ва дорандаи ҳаққи веторо аз тасаддии раёсати шӯро манъ кунад.

Русия аз имрӯз (1 апрели 2023) раёсати давраии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро ба муддати як моҳ бар уҳда гирифт.

Охиринборе, ки Русия раёсати давраии Шӯрои амниятро бар уҳда гирифт, феврали 2022 буд.

Раёсати Шӯрои амният давраӣ ва тули муддати он як моҳ аст ва раиси ҳайати намояндагии ҳар кишвар ба унвони раиси Шӯрои амнияти Созмони милал шинохта мешавад.

 

Барчасп