Кремл: Русия иҷозаи таарруз ба Беларусро намедиҳад
Апрел 07, 2023 18:23 Asia/Dushanbe
Сухангӯи раёсати ҷумҳурии Русия бо баёни ин ки иқдомоти ҳамсоягони Беларус ва Русия бисёр ғайриқобили пешбинӣ ва ғайридӯстона аст, гуфт, Русия иҷозаи ҳеч гуна таарруз ба Беларусро намедиҳад.
Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳурии Русия имрӯз (ҷумъа) тайи нишасти хабарӣ дар Кремл бо баёни матлаби мазкур эълом кард, Беларус низ монанди Русия бо кишварҳое иҳота шудааст, ки рафтори бисёр душманонае нисбат ба он доранд ва аз он ҷое ки ду кишвар муттаҳид ҳастанд, Русия наметавонад иҷоза диҳад ба Беларус таарруз шавад.