Оғози размоиши Чин дар тангаи Тайван
(last modified Sat, 08 Apr 2023 09:05:46 GMT )
Апрел 08, 2023 14:05 Asia/Dushanbe
  • Оғози размоиши Чин дар тангаи Тайван

Сухангӯи артиши Чин аз оғози размоиши ин кишвар дар тангаи Тайван хабар дод .

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Ши И,сухангӯи артиши Чин субҳи шанбе дар баёнияе эълом кард : Ин размоиши серӯза ҳушдории ҷиддӣ ба табонии неруҳои хориҷӣ ва неруҳои ҷудоиталаб аст, ки ба дунболи истиқлоли Тайван ҳастанд .
Чин чанд рӯзе аст бар теъдоди неруҳои горди соҳилии худ дар тангаи Тайван барои гаштзаниҳои изтирорӣ афзудааст . Бориктарин бахши тангаи Тайван миёни савоҳили Чин ва ин ҷазира тақрибан 130 километр арз дорад .
Чин Тайванро ( бо 23 миллион нафар ҷамъият ) яке аз устонҳои худ медонад, ки аз поёни ҷангҳои дохилӣ дар соли 1949  ҳануз муваффақ нашудааст онро ба хоки худ мулҳақ кунад .
Баъд аз дидори рӯзи чаҳоршанбеи  раиси Тайван ва раиси Маҷлиси намояндагони Амрико, Чин ваъдаи дар пеш гирифтани  " иқдомотеи қотеъу қавӣ " дод .
Ба гуфтаи сухангӯи артиши Чин размоиши мазкӯр аз имрӯз шанбе оғоз ва то душанбе ба муддати се рӯз идома хоҳад дошту шомили гаштзанӣ ва тамринҳои омодагии размии неруҳои артиш Чин аст .
Дар ҳамин ҳол Моуи Нинг-сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Чин рӯзи ҷумъа дар нишасти матбӯотӣ дар посух ба пурсише дар бораи далоили эъзоми новшикан аз сӯи Пекин ба тангаи Тайван эълом кард : Чин ҳамчунон ба иттихози иқдомоти лозим барои ҳифозати қотеъ аз тамомияти арзӣ ва истиқлоли худ идома хоҳад дод .


Бештар бихонед :