Апрел 09, 2023 16:48 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши камсобиқаи тавлиди пахта дар Покистон

Тавлиди пахта дар Покистон ба иллати сели соли гузашта дар манотиқи мухталифи ин кишвар ба камтарин мизони худ дар 40 соли гузашта расид.

Интизор меравад бо коҳиши чашмгири тавлиди Покистон, бахши нассоҷии ин кишвар бо мушкилоти фаровоне рӯбарӯ шавад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо аз Исломобод, иттиҳодияи тавлидкунандагони пахтаи Покистон эълом кард, тавлиди пахтаи ин кишвар дар як соли гузашта 34 дарсад коҳиш ёфта ва аъдод ба сабт расида камтарин мизони тавлиди ин кишвар дар чиҳил соли гузаштааст.

Санъати нассоҷии Покистон ба унвони бузургтарин санъати арзоварии ин кишвар мебоист имсол барои таъмини пахтаи мавриди ниёзи худ, дастикам 10 миллиондолларо ворид кунад.

 

Барчасп