Амрико ба Лавров виза надод
Муовини вазири умури хориҷаи Русия эълом кард, Амрико ба вазири хориҷаи Русия барои ширкат дар нишасти Шурои амнияти Созмони Милал виза надодааст.
Сергей Рябков, вазири умури хориҷаи Русия рӯзи чаҳоршанбе гуфт, Амрико ҳанӯз барои ҳайати Русия ба раҳбарии Сергей Лавров, вазири умури хориҷа барои ширкат дар нишасти Шурои амнияти Созмони Милал виза содир накардааст.
Ин мақоми рус дар идома афзуд, Маскав дар мавриди ифшои асноди Пентагон мавзеъе надорад, аммо интишори амдии иттилооти ҷаълӣ тавассути Амрикоро наметавон рад кард.
Рябков хотирнишон кард, аз он ҷое ки Амрико тарафи муноқиша аст ва дар воқеъ дар ҳоли ҷанги таркибӣ алайҳи мост, чунин тарфандҳое барои гумроҳ кардани душмани худ, яъне Русия имконпазир аст. Ман иддаое надорам, аммо эътироф мекунам, ки анвои сенарияҳо дар ин ҷо қобили тасаввур аст.
Дар ҳамин ҳол, Маҷлиси Думаи Русия рӯзи сешанбе эълом кард, Сафорати Амрико дар Украина дар воқеъ ба дафтари майдонии Вазорати дифои ин кишвар (Амрико -Пентагон) барои пешбурди аҳдофи низомиву биологии Вашингтон табдил шудааст.