Декабр 20, 2016 10:11 Asia/Dushanbe

Андрей Карлов, сафири Русия дар Туркия ба зарби гулӯлаи як муҳоҷими мусаллаҳи ношинос кушта шуд.

Сафири Русия, ки дар ифтитоҳияи намоишгоҳи акси "Русия аз нигоҳи туркҳо" дар Анқара ҳузур ёфта буд, ҳадафи тирандозии як фарди муҳоҷим қарор гирифт.

Карлов, ки дар ин тирандозӣ ба шиддат маҷрӯҳ шуда буд, дар бемористон бар асари шиддати ҷарроҳоти ворида ҷон бохт.

 Манобеи хабарӣ эълом карданд, тирандозанда ба ҳангоми тирандозӣ фарёд задааст: “Интиқоми Ҳалабро хоҳем гирифт”.

Гузоришҳо баёнгари он аст, ки илова бар сафири Русия, се нафари дигар низ мавриди исобати гулӯла қарор гирифтаанд.

Манобеи Туркия мегӯянд, қотили сафири Русия ҷавони 22- сола ба номи Мерт Олтинтош, аз афсарони полиси Анқара будааст.

 Ҳифозат аз сохтмони Сафорати Русия дар Анқара тақвият шудааст.

 Созмони милали муттаҳид ва бисёре аз кишварҳо ин ҳамлаи террористиро маҳкум карданд.

Ба гузориши “Спутник”, мақомоти Туркия ба Русия итминон додаанд, ки омилони ҳамла ба сафири Русия ба сазои аъмоли худ хоҳанд расид.

 

Барчасп