Апрел 17, 2023 11:05 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Русия бар тақвияти ҳамкориҳои низомӣ бо Чин
    Таъкиди Русия бар тақвияти ҳамкориҳои низомӣ бо Чин

Раисиҷумҳӯри Русия таъкид кард, ҳамкории низомии Русия ва Чин ба тақвияти равобити стратежик ва мубтанӣ бар эътимоди миёни дукишвар кумак мекунад.

Ба гузориши хабргузории Тасс, Владимир Путин, раисиҷумҳӯри Русия дар дидор бо Ли Шангфу, вазири дифоъи Чин бо истиқболи ҳамкории мувафақ  ва ҳамаҷонибаи Маскав ва Пекин дар ҳавзаи дифоъӣ, гуфт: Шахсияти стратежик ва эътимоди меҳвари равобити мо, равобити байни Русия ва Чинро тақвият мекунад.

Путин аз ҳамкории низомии Русия ва Чин истиқбол ва хотирнишон кард, ки Вазорати дифоъи Русия ва Чин ба табодулоти иттилоотии муфид ва баргузории размоишҳои муштарак мепардозанд.

Ли Шангфу, вазири дифоъи Чин рӯзи якшанбе пас аз дидор бо расиҷумҳӯри Русия гуфт, ки равобити Русия ва Чин аз иттиҳодияҳои сиёсии низомии даврони ҷанги сардаст.