Апрел 24, 2023 13:09 Asia/Dushanbe
  • Лавров барои раёсатии Шӯрои амният вориди Ню-Йорк шуд
    Лавров барои раёсатии Шӯрои амният вориди Ню-Йорк шуд

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия аз вуруди Сергей Лавров ба Ню-Йорк ва ҳузӯр дар ҷаласоти Шӯрои амнияти Созмони Миллал хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Тос "Мария Захаров" сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия дар канали Телеграмии  худ навишт: "Сергей Лавров" вазири умури хориҷаи Русия имрӯз (душанбе) вориди Ню-Йорк шуда ва фардо ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Миллал ба раёсатии ӯ баргузор мешавад.

  • Ҳамчунин интизор меравад, дипламати аршади рӯс бо Антонио Гутерреш, Дабири Созмони Миллал имрӯз нишасте дошат бошад.

Пештар "Василя Небензя" намояндаи доими Русия дар Созмони Миллал гуфта буд, Маскав яксери мавзӯъотро барои ин гуфтугӯ мадди назар қарор додааст.

Дар зимн, Лавров аз дипламатҳои аршади чанд кишвар аз ҷумла "Антонио Блинкен" вазирри хориҷаи Амрико барои ҳузӯр дар ҷаласоти Шӯрои амнияти Созмони Миллал даъват кардааст.

Ҳамчунин масъалаи дидори рӯ дар рӯ байни Лавров ва ҳамтои амрикоиаш дар Созмони Миллал ҳамчунин барқарор аст.

Ба гуфтаи Лавров, Маскав омодаи мадди назар қарор додани нишасте бо Блинкен аст ва ҳаргиз пешниҳодҳои ҷиддии музокира аз тарафи амрикоиро рад намекунад.

Муовини Лавров пеш аз  тарки Маскав гуфта буд. Ҳанӯз барномае барои нишасти вузарои хориҷаи Русия ва Амрико вуҷҷӯд надорад ва шароити мавҷӯд, эҳтимоли баргузории онро таин мекунад.

Русия раёсатии давраи Шӯрои амниятро бар уҳда дорад.