Апрел 24, 2023 17:29 Asia/Dushanbe
  • Сафари муовини вазири хориҷаи Амрико ба Қирғизистон ва Тоҷикистон
    Сафари муовини вазири хориҷаи Амрико ба Қирғизистон ва Тоҷикистон

Муовини вазири хориҷаи Амрико дар умури осиёи маркази ва ҷануби ба Қирғизистон ва Тоҷикистон сафар мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Доналд Лу муовини вазири хориҷаи Амрико дар умури осиёи марказӣ ва ҷануби ба Қирғизистон ва Тоҷикистон сафар мекунад.

Муовини вазири хориҷа бо мақомоти аршади Қирғизистон ва ҳамчунин намояндагони бахши иқтисоди ва аъзои ҷомеъаи шаҳрванди дидор хоҳад кард.

Мавзуъоти аслии ин дидор ҳимояти Амрико аз иқтисоди Қирғизистон, тавонмандсозии иқтисодии занон, ҳуқуқи башар ва озоди матбуъот хоҳад буд.

Сипас Лу ба Душанбе сафар хоҳад кард ва дар ин кишвар дар мавриди мушкилот ва ҳадафҳои муштарак аз ҷумла дар заминаи амниятӣ бо мақомоти ин кишвар гуфтугу хоҳад кард.

Вай ҳамчунин бо намояндагони матбуъот ва ҷомеъаи шаҳрванди дар Тоҷикистон дидор хоҳад кард.

Доналд Лу аз соли 2018 то 2021 сафири Амрико дар Қирғизистон буд.