Байден расман номзади интихоботи 2024 Амрико шуд
Ҷо Байден раиси Ҷумуҳрии Амрико ба сурати расми номзадии худ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 2024-ро эълом кард.
Интихоботи оянда дар Амрико дар 5 ноябри соли 2024 баргузор хоҳад шуд ва номзадҳои даруни ҳизби барои касби райи бештар ва интихоб ба унвони номзади ҳизби худ дар ҳоли рақобат ҳастанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ассошиэйтед Пресс Байдени 80 сола, ки пиртарин раиси Ҷумҳурии Амрико аст сешанбе 25 апрел бо интишори видеои дар саифаи маҷозии худ гуфт барои дувумин даври ҳузур дар Кохи Сафед дар интихоботи 2024 номзад хоҳад шуд.
Байден қадси худро барои ширкат дар интихобот дар видеои, ки тими интихоботии ҷадидаш мунташир кард эълом карду гуфт, ки вазифаи у дифъо аз демокросии амрикоӣ аст ин видео бо тасовири аз ҳамлаи 6 январи соли 2021 моҳиёни Доналд Трамп раиси ҷумҳурии собиқи Амрико ва рақиби эҳтимолии Байден дар интихоботи оянда оғоз шуд.
Баъд аз эъломи Байден, Камала Харрис муовини у ҳам гуфт, ки барои давраи дувум дар ҳамин симат дар канори вай рақобат хоҳад кард.
Байден гуфт: Замоне, ки чаҳор сол пеш номзади интихобот шудам гуфтам мо дар набард бо руҳи Амрико ҳастем ва ҳамчунон дар ин набард ҳастем акнун замони ризоят аз амалкарди худ нест ба ҳамин хотир барои интихоботи муҷадад номзад мешавад биёед ин корро тамом кунем медонем ки метавонем.