Медведев: Далели барои ҳифзи равобити дипломотик бо Полша вуҷуд надорад
-
Мардуми Узбакистон имруз якшанбе барои ширкат дар интихоботе, ки дар он ислоҳоти қонуни асоси дар ин кишвар ба рай гузошта шуда аст ба пои сандуқҳои рай мераванд.
Раиси шурои амнияти миллии Русия бар таълиқи равобит бо Полша ба далели талоши давлатмадорони ин кишвар барои Русияҳароси таъкид кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Дмитрий Медведев, раиси шурои амнияти миллии Русия бо баёни ин ки Украила мамлу аз муздурони полшаӣ аст гуфт: То замоне, ки дар Полша танҳо касони дар қудрат ҳастанд, ки ба Русияҳароси машғуланд набояд ин интизорро дошт, ки ин кишвар бо Русия иртибот дошта бошад.
Медведев афзуд: Далели барои ҳифзи равобити дипломотик бо Полша вуҷуд надорад Украина пур аз муздурони полшаӣ аст, ки бояд бераҳмона набуд шаванд.
Ин изҳорот чанд соат пеш аз он матраҳ шуд, ки Вазорати хориҷаи Русия дар вокуниш бо тасаруфи мактаби сафорати Русия дар Полша эълом кард посухи сахти ба ин иқдом хоҳад дод.
Вазорати хориҷаи Полша дар аввалин вокуниш нисбат ба ин ҳодисаи таъкид кард бинои мактаби сафорати Русия дар Варшава мутаъалиқ ба давлати Полша аст.
Русия ин иқдомро нақзи ошкори конвенсияи 1961 Вена дар мавриди равобити дипломотик ва таҷовуз ба амволи Русия дар Полша арзёби карда аст.