Май 01, 2023 17:06 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Русия дар бораи қатъи равобит бо Полша
    Ҳушдори Русия дар бораи қатъи равобит бо Полша

Сухангуи Вазорати хориҷаи Русия дар бораи мусодираи амволи ин кишвар дар Лаҳистон тавассути давлати Варшава ҳушдор дод.

Мария Захарова сухангуи Вазорати хориҷаи Русия шомгоҳи якшанбе дар гуфту бо шабакаи Россия-1 зимни ҳушдор дар бораи эҳтимоли қатъи равобити дипломотик бо Полша эълом кард: Тасаруфи мактаби сафорати Русия дар Варшава бо посухи сахти Маскав ру ба ру мешавад.

Бар асоси ин гузориш Захарова таъкид кард: Русия ҳақ дорад равобити дипломотики худро бо Полша қатъ кунад, аммо русҳое, ки дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд аз ин масъала зарар хоҳанд кард.

Сергей Андрев сафири Русия дар Полша низ гуфта буд, ки бинои маҳали мактаб як бинои дипломотик аст ва мақомоти Полша ҳақи тасаруфи онро надоранд.

Таниш миёни Полша ба унвони яке аз муттаҳидони Киев бо Русия бештар шуда аст.

Дар моҳи марти соли 2022 Полша эълом кард, ки 45 дипламати рус гумонбар ба кор барои дастгоҳои итилоъотии Русияро ихроҷ мекунад.

Барчасп