Май 07, 2023 17:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳаводорони тими «Ливерпул» сурӯди миллии Британияро таҳқир карданд+филм ва акс

Тамошогарони тими футболи «Ливерпул»  дар ҳангоми пахши сурӯди миллии Британия дар варзишгоҳи Энфилд, онро таҳқир карданд.

Image Caption

Ба гузориши хабаргузории Форс, шумори зиёде аз тамошогарони ҳозир дар варзишгоҳи Энфилд, ҳангоме, ки пеш аз баргузории дидори асри шанбеи «Ливерпул» муқобили Брентфорда дар Лигаи ҷазира сурӯди миллии Британия пахш мешуд, онро таҳқир карданд.

Дирӯз (шанбе) ва ҳамзамон бо баргузории маросими тоҷгузории Чолзи сеюм, подшоҳи Британия, мақомҳои Лигаи бартари Англия аз бошгоҳҳо хостанд то қабл аз бозиҳо, сурӯди миллии Британия, ки ҳамон дуои саломатӣ барои подшоҳастро дар варзишгоҳҳо замзама кунанд.

Шабака "Sky Sports" хабар дода, вақте аввалин калимот аз сурӯди миллии Британия дар варзишгоҳд пахш шуду бозикунони «Ливерпул» ва Брентфорда дар миёнаи майдон ҳалқа зада буданд, бештари ҳаводорон мухолифати худро бо пахши ин сурӯд эълом карданд ва дар ҷойгоҳи «коп», ки ҳаводорони мутаассиби қирмизҳо дар он ҷой доранд ҳам шиори «Ливерпул . . . Ливерпул» шунида шуд.

Image Caption

Ҳаводорони Ливерпул дар бозии чаҳоршанбешаб муқобили Фулҳэм дар Лондон низ эътирози худро ба тоҷгузории Чолзи сеюм нишон доданд. Онҳо дар моҳи майи 2022 ҳам дар замони пахши сурӯди миллии Британия дар финоли Ҷоми ҳазфӣ ва муқобили дидагони принс Вилям ва шоҳзода Уэлс, дуои саломатии малакаро таҳқир карданд.

Кавим О’Нил, хабарнигори расонаи амрикоии «Атлетик» дар ин бора мегуяд: Таҳқир кардани сурӯди миллӣ, иқдоме аст, ки ҳаводорони Ливерпул барои солҳост онро анҷом медиҳанд. Ин як эътироз алайҳи ҳокимият аст.

Тасовири мунташир шуда низ нишон медиҳад, ҳаводорон илова бар таҳқир кардани сурӯди миллии Англия, дастнавиштаҳеӣ бо унвони «Чолз подшоҳи ман нест»-ро бо худ ба варзишгоҳ овардаанд.

Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам видеое аз бозикунони тими Ливерпулро мунташир кардаанд, ки онҳо сурӯди миллии Англияро замзама намекунанд.

Image Caption

Рӯзи шанбе ва ҳамзамон бо тоҷгузории Чарлс, эътирозоте дар Лондон ҳам шакл гирифту полис гуруҳе аз мухолифони Салтанатро, ки порчанавиштаҳое алайҳи подшоҳ ба даст гирифта буданд, боздошт кард.