Май 12, 2023 20:39 Asia/Dushanbe
  • Владимир Зеленский
    Владимир Зеленский

Раиси ҷумҳурии Украина бо ҳадафи суръат бахшидан ба раванди узвият дар Иттиҳоди Аврупо тарҳи ислоҳи қонунҳои марбут ба онро тасвиб кард.

Ҳар кишваре пеш аз пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо бояд бархе аз қонунҳои дохилии худро ислоҳ карда ва онҳоро бо сиёсатҳои кишварҳои узви ин иттиҳодия ҳамсӯ кунад. 

Украина низ барои узвият дар ин ниҳоди аврупоӣ дар гоми нахуст ниёзманди анҷоми ислоҳот дар сохтори худ аст. 

Ба гузориши Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, Владимир Зеленский, раиси ҷумҳурии Украина рӯзи ҷумъа эълом кард, тарҳеро тасвиб кардааст, ки бар асоси он ислоҳоте дар системаи ҷиноӣ ва қувваи муҷрияи Украина эҷод мешавад. 

Раиси ҷумҳурии Украина муддаӣ шуд, ки ин тарҳ унсурии калидӣ барои тазмини узвияти фаврии Киев дар Иттиҳоди Аврупо ба шумор меравад. 

Коршиносони сиёсӣ муътақиданд, ки бо тасвиби ин тарҳ низ боз ҳам баид ба назар мерасад Иттиҳоди Аврупо бо узвияти фаврии Украина дар ин ниҳод мувофиқат кунад. Зеро худи кишварҳои аврупоӣ дар ҳоли ҳозир дорои чолишҳои зиёде ҳастанду боз шудани дарвозаи Иттиҳоди Аврупо ба рӯйи кишвари ҷангзадае монанди Украина метавонад боиси ташдиди буҳрони бештар дар Аврупо шавад.