Май 15, 2023 21:00 Asia/Dushanbe
  • Интихоботи президентии Туркия
    Интихоботи президентии Туркия

Сенздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва бистуҳаштумин давраи интихоботи порлумонии Туркия якшанбе - 14 май, дар саросари ин кишвар дар ҳоле оғоз шуд, ки ду номзади аслии ин интихобот, яъне Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Камол Қиличдоруғлу ҳамдигарро ба вобастагӣ ба бегонагону талош барои тақаллуб дар натоиҷи интихобот муттаҳам кардаанд.

Раванди баргузории ду интихоботи ҳамзамону сарнавиштсози Туркия аз эҳтимоли бурузи даргирӣ миёни ҳаводорони номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Туркия ҳикоят дорад.

Муруре бар таблиғоти интихоботии номзадҳо нишон медиҳад, ки дар чанд рӯзи гузашта номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бо муттаҳам кардани якдигар ба сӯиистифода аз имконоти давлатӣ, вобастагӣ ба бегонагон ва талош барои тақаллуб дар натоиҷи оро мутамаркиз шуда буд.

Бо канорагирии Муҳаррам Инҷа, узви собиқи ҳизби ҷумҳурии халқ ва муассиси Ҳизби Мамлакат, ки ба унвони танҳо номзади мустақил дар интихоботи ҷорӣ ширкат карда буд, теъдоди номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Туркия ба се тан коҳиш ёфтааст.

Бар асоси назарсанҷиҳо, Муҳаррам Инҷа чаҳор дарсади орои интихоботи раёсати ҷумҳурии Туркияро дар ихтиёр дошт. Аммо бо канорагирии вай ба далели видеоҳои ифшогаронае ки кори вайро ба бемористон кашонд, ба назар мерасад номзади эътилофи шашгонаи "Миллат" аз вазъияти беҳтаре бархӯрдор шудааст.

Давлати Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар вокуниш ба канорагирии Муҳаррам Инҷа, тарфанди ҷадиде андешидааст то шояд битавонад аз орои Камол Қиличдоруғлу бикоҳад. Дар ин замина Аҳмад Инар, раиси Шӯрои олии интихоботи Туркия эълом кардааст, орои Муҳаррам Инҷа, ки се рӯзи пеш аз идомаи рақобатҳо инсироф дод, дар поёни рӯзи раъйгирӣ шумориш шуда ва муътабар хоҳад буд.

Ин изҳороти раиси Шӯрои олии интихоботи Туркия бо вокуниши тунди мухолифону ҳомиёни Қиличдоруғлу мувоҷеҳ шудааст. Мухолифони давлати Эрдуғон ин иқдоми ҳокимиятро талоши дигаре бо ҳадафи пирӯзии Эрдуғон дар ин интихобот қаламдод кардаанд.

Дар вокуниш ба ин вазъияти ғайриқобилии пешбинӣ, мақомҳои давлати Эрдуғон, ба вижа Мавлуд Чрвушуғлу, вазири умури хориҷа ва Сулаймон Суилу, вазири кишвари Туркия бо муттаҳам кардани Амрико ба мудохила дар раванди интихоботи Туркия, ин равандро ноодилона талаққӣ кардаанд.

Дар ҳамин росто, Камол Қиличдоруғлу, рақиби аслии Эрдуғон дар Туркия, рӯзи панҷшанбеи гузашта бо интишори посте ба забони русӣ дар Твиттер, аз Русия хост дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва порлумонии кишвараш (Туркия) дахолат накунад.

Дар вокуниш ба ин мавзеъгирии номзади эътилофи “Миллат”, Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷаи Туркия бо таъкиди ин ки кишвараш беш аз пеш ба субот ниёз дорад, интихобот дар Туркияро шаффоф хонду гуфт: "Аз манзари тасвири кишвар, итминон аз баргузории интихобот ба шевае демократӣ ва шаффоф судманд аст".

Раиси дастгоҳи дипломатии Туркия ҳамчунин эълом кард, баёнияҳои Қиличдоруғлу, номзади ҳизби мухолиф дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Туркия мабнӣ бар ин ки Русия дар интихобот дахолат мекунад, дар қиболи кишвар ғайримунсифона аст".

Дар ин давр аз интихоботи сарнавиштсоз 60 миллиону 697 ҳазору 843 воҷиди шароит дар Туркия раъй медиҳанд ва 4 миллиону 904 ҳазору 672 раъйи аввалӣ дар ин давраи интихобот ҳузур доранд.

53 ҳазору 172 тан аз зиндониён низ дар раъйгирии рӯзи 14 май ширкат карданд.

Дар канори номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ 24 ҳизб ва 151 номзади мустақил низ ба манзури касби 600 курсии порлумонии Туркия ба рақобат пардохтаанд.