Май 21, 2023 17:12 Asia/Dushanbe
  • Ҷузъиёти тафоҳумномаи ҳамкории гардишгарии Эрону Русия

Муовини вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии Эрон аз фароҳам шудани зерсохтҳои лозим барои ҷаҳиши чашмгир дар бахши ҳамкории гардишгарии байни Эрону Русия хабар дод.

Алиасғари Шолбофиён дар поёни се рӯзи музокира бо мақомҳои бахши гардишгарии Русия ва Ҷумҳурии Тотористон дар ҳошияи чаҳордаҳумини Иҷлоси байналмилалии иқтисодии «Русия - ҷаҳони Ислом» дар Қазон ба хабарнигори Эронпресс гуфт: Дар ҳошияи ин иҷлос, тафоҳумномаи ҷомеъи ҳамкории гардишгарӣ байни вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии Эрон бо вазорати тавсеаи иқтисодии Русия имзо шуд ва тавофуқҳои хубе ҳам бо Ҷумҳурии Тотористон дар бахши гардишгарӣ ба даст омадааст.

 

Барчасп