Вуқуъи даргирӣ миёни марзбонони эронӣ ва Толибон
Май 27, 2023 16:57 Asia/Dushanbe
Манобеи огоҳ, аз вуқуъи даргирии низомӣ миёни марзбонони эронӣ ва Толибон хабар доданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, миёни неруҳои марзбонони Ҷумҳурии исломии Эрон ва Толибон имрӯз (шанбе) танишҳое ҳаволии посгоҳи "Сосулӣ" рӯй дод, ки мунҷар ба табодули оташ шуд.
Неруҳои Толибон, пештар низ ба иллати ошно набудан ба қавонини марзӣ танишҳоеро ба вуҷӯд оварда буданд, ки бо вокуниши неруҳои марзбонӣ мувоҷеҳ шуданд ва мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон, низ ба мақомоти Толибон дар ин маврид тазаккури ҷиддӣ доданд.
Ба нақл аз манобеи огоҳ, иллати даргирӣ мушаххас нест ва то ин лаҳза даргириҳо ҳамчунон идома дорад.