Афзоиши баҳои нафт дар бозори ҷаҳонӣ
(last modified Fri, 02 Jun 2023 13:16:11 GMT )
Июн 02, 2023 18:16 Asia/Dushanbe
  • Нархи нафт гарон шуд
    Нархи нафт гарон шуд

Баҳои нафт дар муомилоти рӯзи ҷумъаи бозори ҷаҳонӣ ба далели тасвиби тарҳи афзоиши сақфи қарзҳои давлати федерали Амрико дар Маҷлиси сенат шоҳиди афзоиши якдарсадӣ буд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, баҳои нафти Бренти дарёи Шимол бо 71 сент афзоиш, ба 74 доллару 99 сент дар ҳар бушка расид.

Нафти Вест Техас Интермедиэйти Амрико низ бо 66 сент афзоиш, 70 доллару 76 сени дар ҳар бушка доду ситад шуд.