Таҳқиқоти ҷиноии Трамп оғоз шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i103302-Таҳқиқоти_ҷиноии_Трамп_оғоз_шуд
Мақомоти қазоии Амрико эълом карданд Доналд Трамп ба далели нигаҳдори аз асноди табақабанди шуда дар хонаи худ таҳти таҳқиқоти ҷоноӣ қарор гирфитааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 08, 2023 11:34 Asia/Dushanbe
  • Таҳқиқоти ҷиноии Трамп оғоз шуд
    Таҳқиқоти ҷиноии Трамп оғоз шуд

Мақомоти қазоии Амрико эълом карданд Доналд Трамп ба далели нигаҳдори аз асноди табақабанди шуда дар хонаи худ таҳти таҳқиқоти ҷоноӣ қарор гирфитааст.

Ба гузориши  Садои Хуросон, бомдоди панҷшанбе додситонҳои Амрико дар барномае оғози ин таҳқиқотро ба иттилои Доналд Трамп расонданд.

Додситонҳои Амрико дар як файли забт шудаи савти дар соли 2021 аз Доналд Трамп, раисҷумҳӯри собиқи Амрико дар ихтиёр доранд, ки дар он изъон мекунад, ки як санади маҳрамонаи Пентагон дар бораи ҳамлаи эҳтимоли ба Эронро пас  аз хурӯҷ аз Кохи Сафед нигаҳ доштааст. Ин файли савтии забт шуда нишон медиҳад Трамп, ки ба дунбол номзади Ҷумҳӯрихон дар интихоботи раёсатҷумҳӯри 2024 аст, ҳоло изъон карда, ки пас аз хурӯҷ аз Кохи Сафед дар соли 2021, матлаби маҳрамонаро ҳифз кардааст.