Декабр 23, 2016 19:07 Asia/Dushanbe
  • Путин: Озодии Ҳалаб гоме дар ҷиҳати оддисозии авзои минтақа аст

Раиси ҷумҳурии Русия дар нишасти хабарии солонааш, озодсозии Ҳалаб аз дасти афроди такфириро гоме муҳим дар бозгашти субот ба Сурия ва оддисозии авзои минтақа донист.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия бо ишора ба хуруҷи тамоми афроди террорист ва мусаллаҳ аз Ҳалаб таъкид кард, амалиёти низомӣ дар ин шаҳр ба поён расидааст.

Путин гуфт, берун бурдани 100 ҳазор нафар аз Ҳалаб, бузургтарин амалиёти инсонӣ дар ҷаҳон будааст ва поёни буҳрони Ҳалаб бидуни кӯмаки нерӯҳои Эрон ва раисони ҷумҳурии Эрон, Сурия ва Туркия рух намедод.

 Раиси ҷумҳурии Русия дар бахши дигаре аз суханонаш дар бораи ҳодисаи террористии қатли Андрей Карлов, сафири ин кишвар дар Туркия гуфт, ҳанӯз намедонанд чӣ гурӯҳе дар паси пардаи ин моҷаро будааст ва таҳқиқот дар бораи он идома дорад.

Путин таъкид кард, қатли сафир бо ҳадафи тахриби равобити Туркия ва Русия будааст, аммо ин иттифоқот дигар боиси барҳам хурдани равобити дуҷониба нахоҳад шуд.

 Путин ҳамчунин таъкид кард, Русия акнун аз ҳар давраи дигаре қавитар шуда ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро таҳдиде барои худ ҳисоб намекунад.

 

Барчасп