Таъкиди Гутерриш бар бознигарӣ дар маъмурияти СММ дар Мали
(last modified Wed, 14 Jun 2023 08:25:24 GMT )
Июн 14, 2023 13:25 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Гутерриш бар бознигарӣ дар маъмурияти СММ дар Мали

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бар лузӯми бознигарӣ дар авлавиятҳои маъмурияти ин созмон дар Моли таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Фаронса, Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони милали дар Шӯрои амният тавсия кард, маъмурияти ин созмон дар Мали бояд бар теъдоди маҳдуде аз авлавиятҳо мутамарказ гардад.

Гутерриш дар айни ҳол бо интишори гузорише хоҳони тамдиди яксолаи маъмурияти ин созмон дар Мали шуду Шӯрои амният рӯзи 29 июн дар ин бораи тасмимгирӣ хоҳад кард.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хотирнишон кард, талошҳои Мали бояд дар муқоиса бо қабл мантиқӣ гардад.

Ҳадафи вай аз ин тавсия, беҳбуди таъсиргузории Миносма то поёни давраи интиқоли сиёсӣ дар Мали аст.

Давраи интиқоли сиёсӣ дар ин кишвари африқоӣ марти 2024 ба поён мерасад.

Мали ба дунболи кудатои солҳои 2020 ва 2021 тавассути давлати низомӣ идора мешавад.