Таҳлил: Идомаи буҳрони сиёсӣ ва ташдиди ихтилофҳо дар кобинаи Натаняҳу
Бо афзоиши ихтилофҳо дар кобинаи Бинямин Натаняҳу дар бораи таҳри мавсум ба ислоҳоти қазоӣ вазири додгустарии режими саҳюнистӣ дар остонаи истеъфо аз ин вазифа қарор дорад.
Манобеъи расонаҳои саҳюнист бо ишора ба ташдиди ихтилофот миёни Ёрю Ливин вазири додгустари ва Бинямин Натаняҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ бар сари тарҳи мавсум ба ислоҳи қазоӣ эълом карданд, ки Ливин дар остонаи истеъфо аз вазифаи худ қарор дорад.
Рузномаи исроилӣ Ҳиюм ба нақл аз манбаъи огоҳ навишт: Нишасти Натаняҳу ва Ливин дар шомгоҳи шанбе ноумедии вазири додгустариро ба ҳамроҳ дошт ва вайро дар шуруфи истеъфо аз вазифаи худ қарор дод зеро вай ҳозир нест дар хусуси барномаи кобина барои тазъифи қуваи қазоия ҳеҷ имтиёзи бидиҳад канали 12 телевизиони режими саҳюнистӣ низ гузориш дод, ки таниш миёни Ливин ва Натаняҳу ба авҷ расид ҳарчанд, ки ҳарду тарафи он ба сурати мустамар тазкиб мекунанд.
Тарҳи мавсум ба ислоҳи қазоӣ аз муҳимтарин ва пурчолиштари тарҳое аст, ки кобинаи Натаняҳу иро карда аст ин тарҳ ихтиёроти қазоӣ кобина ва парлумони Исроилро дар муқобили дастгоҳи қазоӣ ин режим афзоиш медиҳад мунтақидон унвон мекунанд ин тарҳ ба тағир дар тавзеъ қудрат ба нафъи Натаняҳу ва ҳомиёнаш ва тақвияти дектатории ростгароён ба раҳбарии Натаняҳу мунҷар мешавад ҳамчунин мунтақидон бар ин борва ҳастанд, ки ҳадафи аслии ин тарҳ хотима додан ба парвандаҳои фасоди Натаняҳу шумори дигари аз вазирони кобина аст.
Дар муқобил Натаняҳу ва кобинаи ифротии у муддаи аст, ки ҳадаф аз тарҳи тағироти сохтори низоми қазоӣ режими саҳюнистӣ эҷоди тавозун байни дастгоҳи қонунгузори ва қазоӣ аст.
Бар ҳамин асос тазоҳуроти густардае аз оғози ироаи ин тарҳ дар арозии ишғоли шакл гирифт ва ҳар ҳафта бо ҳузури чандсад ҳазор нафар аз муътаризон баргузор мешавад, ки ин тазоҳурот ҳачунон идома дорад.
Натаняҳу, ки интизори шаклгирии тазоҳуроти бесобиқа дар сарзаминҳои ишғолиро надошт кобинаи худро дар остонаи фурупоши дид.
Натаняҳу ки дар соли 2021 қудратро ба рақибони худ вогузор кунад тая як сол ҳамаи талоши худро ба кор гирифт то муҷададан ба қудрат бозгардад ва саранҷом низ аз тариқи эътилоф бо ростгароёни ифроти ба қудрат бозгашт бардошт ва талақии Натаняҳу ин аст, ки дар сурати фурупошии кобинаи кунуни амалан гуруҳи дигар барои эътилоф ва ташкили кобинаи ҷадид ё вуҷуд надорад ва ё ин ки бояд дар муқобили имтиёзоти бузург бо онҳо барои кобиаи ҷадид эътилоф кунад бин бар ин Натаняҳу бо шиддат гирифтани эътирозҳо аз тарҳи ислоҳи қазоӣ ақибнишини кард ва иҷрои онро ба таъвиқ андохт.
Ёрю Ливин вазири додгустарии режими саҳюнистӣ ки аз у ба унвони меъмори тарҳи иддаи ислоҳи низоми қазоӣ ёд мешавад ва Натаняҳу барои расондани он ба вазифаи Вазорати додгустари ба мухолифони худ имтиёзоти мутаъадид дод пештар таҳдид карда буд, ки агар қонуни ислоҳи низоми қазоӣ ба саранҷом нарасад истеъфо хоҳад дод.
Ба назар мерасад Ливин акнун дар остонаи истеъфо қарор гирифта аст ин таҳдиди Ливин сабаб шуд акнун Натаняҳу аз як су бобати ақибнишини тактики аз ислоҳоти қазоӣ мадиназари худ аз суи ҷараёнҳо ва ҳизбҳои ифроти мавриди мумошот қарор гирифта ва аз суи дигар эътирозот зидди кобинаи у ҳамчунон ба қувати худ боқи аст ақибнишинии мувақати Натаняҳу аз ислоҳи қазоӣ натавонист мунҷар ба иқнохи муътаризин барои поён додан ба эътирозот ва бозгашт аз хиёбонҳо шавад дар айни ҳол эҳтимоли фурупошии кобинаи Натаняҳу низ дар сурати истеъфои Ливин вуҷуд дорад ва ин мавзуъ метавонад буҳрони ҷадидеро дар сарзаминҳои ишғоли эҷод кунад.