Нобудии миллионҳо гектар ҷангал дар оташсӯзиҳои Канада
Вазири ҳаводиси изтирории Канада эълом кард, оташсӯзиҳо дар ин кишвар 5. 3 миллион гектар ҷангалро нобуд кард.
Ғарби Канада аз авоили июн даргири оташсӯзӣ шуда ва садҳо ҳазор гектар аз заминҳои ин минтақа туъмаи ҳариқ шуданд.
Ин нахустин боре нест, ки гармоиши замин дар ин минтақа вайронӣ ба бор меоварад. 2 соли гузашта вуқуи падидаи обуҳавоии «гунбади гармоӣ» (Heat dome) дар Бритиши Колумбия оташсӯзиҳои густардаву марги садҳо танро ба дунбол дошт.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Бел Блер, вазири ҳаводиси изтирории Канада рӯзи панҷшанбе дар гузорише ҷадид эълом кард, дар ҳоли ҳозир 458 оташсӯзии фаъол дар ҷангалҳои Канада вуҷуд дорад, ки 235 мавриди он аз контрол хориҷ шудааст.
Ин вазири канадаӣ гуфт, то кунун 18 ҳазору 690 нафар аз хонаҳояшон тахлия шудаанд ва ҳазорон нафари дигар низ бидуни ҷову макон ҳастанд.