Трамп : Санаде аз ҳамла ба Эрон надоштам
https://parstoday.ir/tg/news/world-i103846-Трамп_Санаде_аз_ҳамла_ба_Эрон_надоштам
Раиси Ҷумҳурии собиқи Амрико дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо шабакаи хабарии Факсниюс мункири дар ихтиёр доштани ҳар гуна нақшаву санади табақабандишуда дар мавриди ҳамлаи низомии Амрико ба Эрон шуд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 20, 2023 13:11 Asia/Dushanbe
  • Трамп : Санаде аз ҳамла ба Эрон надоштам

Раиси Ҷумҳурии собиқи Амрико дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо шабакаи хабарии Факсниюс мункири дар ихтиёр доштани ҳар гуна нақшаву санади табақабандишуда дар мавриди ҳамлаи низомии Амрико ба Эрон шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Трамп дар мусоҳиба бо ин шабакаи телевизиюнии ростгаро таъкид кард, ки манзури вай дар муколамаи сабтшудаи соли 2021, гузоришҳои хабарии рӯзномаҳо ва мақолоте буд, ки дар мавриди Эрон нигошта шуда буд.
Пештар расонаҳои амрикоӣ як файли савтӣ аз Трампро мунташир карда буданд, ки дар он муддаӣ шуда буд асноди табақабандшуда дар мавриди ҳамлаи низомии эҳтимолӣ алайҳи Эронро дар ихтиёр дорад.
Трамп ба Факсниюс гуфт : Ҳеҷ санаде вуҷуд надошт . Кулли рӯзномаву чизҳое дар мавриди Эрон ва мавзӯҳои дигар буд . Ҳеҷ санаде дар ихтиёр надоштам . Чизе набуд, ки аз табақабандӣ хориҷ шавад. Тамомашон ахбори рӯзномаҳо, маҷаллоту мақолот буд.