Тафсир. Ҷон Керри ва инкори як воқеияти ошкор
Вазири хориҷаи собиқи Амрико дар давлати Барак Абама ва намояндаи вижаи Вашингтон дар умури тағйироти иқлимӣ дар гуфтугӯ бо телевизиони фаронсавӣ, аз таҷовузи низомии Русия ба Украина сухан гуфт, аммо дар вокуниш ба хабарнигори фаронсавӣ, ки ҳамла ба Ироқро як “таҷовузи низомӣ” номид, гуфт: «Хайр, ин як ҷанги таҷовузкорона набуд, зеро ҳеҷ замоне иттиҳоми мустақиме алайҳи Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳурии вақт сурат нагирифт.
Ҷон Керри дубора дар посух ба суоли хабарнигори шабакаи Эл Си Эй, мабнӣ бар ин ки оё ҷанги Ироқ як ҷинояти таҳоҷумӣ буд, муддаӣ шуд: «Наметавон гуфт ҷиноят буд, албатта сӯиистифодаҳое тайи ин даргирӣ рух дод, аммо ман алайҳи онҳо суҳбат ва эътироз кардам”.
Бар асоси назарсанҷии анҷомшуда, таҳоҷуму ишғоли Буш – Блер ба Ироқ ва паёмадҳои ошуфтаи он ҷони беш аз як миллион ғайринизомии ироқиро гирифтааст. Неруҳои Иёлоти Муттаҳида муртакиби ҷиноёти ҷангии бешуморе шуданд, аз ҷумла шиканҷаи сарбозони асир. Дар боздоштгоҳи Абуғурайб дар наздикии Бағдод афсарони амрикоӣ бо нақзи конвенсияҳои Женева, зиндониёни ироқиро таҳқир карданд. Ин таҳоҷум муқовимати густардаеро барангехт, аммо тактикаҳои зиддишӯриши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шомили юриш ба рустоҳо буд, ки мунҷар ба қатли оми ғайринизомиёни ғайримусаллаҳ шуд. Ҷаҳон ба ҷанги Буш - Блер бо мухолифат вокуниш нишон дод, аммо тақрибан ҳеҷ иқдоме алайҳи он анҷом надод. Ҳеҷ таҳриме аз сӯи давлатҳо алайҳи Амрико ё Британия эъмол нашуд. Ҳеҷ бозпурсие аз сӯи додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ барои таъқиби ҷиноёти ҷангии рухдода сурат нагирифт. Бархе аз созмонҳои ҳуқуқи башарӣ хостори кайфархости Блер ба иттиҳоми иртикоби ҷинояти таҷовуз шуданд, аммо ҳеҷ давлате бо ҳеҷ қатъномае ба Созмони Милал муроҷиа накард то парвандаи ҷиноӣ алайҳи онон боз кунад. Аммо акнун Ғарб вокуниши мутафовит ба ҷанги Украина нишон додааст, ки онро метавон мисдоқи боризи дигаре аз рӯйкарди дугонаи Ғарб дар қиболи як мавзуи мушобеҳ донист, ки дар изҳороти Ҷон Керри ҳам мутаҷаллӣ будааст. Дар хусуси таҷовузи низомии Амрикову Англия ба Ироқ ҷанги номашруъ ва ғайриқонунӣ буд ва ҳам ин ки осори он вайронгару зиддиинсонӣ будаву теъдоди касоне ки дар ин таҷовузи низомӣ кушта шуданд, бисёр бештар аз даврони Саддом будааст. Дар соли 2003 давлати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба раёсати Ҷорҷ Буши писар, ду иттиҳоми байналмилалиро мутаваҷҷеҳи давлати Ироқи сохт: вуҷуди силоҳҳои куштори ҷамъии шимиёӣ дар Ироқ ва иртиботи давлати ин кишвар бо террористҳои Алқоида ; ду иттиҳоме ки ҳеҷ вақт исбот нашуд. Дар хусуси далоили баёншуда тавассути Амрико барои ҳамла, яъне вуҷуди силоҳҳои куштори ҷамъӣ, қабл аз ҳама афкори умумии Амрикову Британия тардидҳои ҷиддӣ дар ин замина доштанд, ки бозтоби онро дар тазоҳуроти густардаи зиддиҷанг дар Англия ва баъдҳо ҳатто дар тавлидоти синамоӣ ва мустанади бархе расонаҳои амрикоӣ шоҳид будем.
Албатта ҳатто қабл аз ҳамла низбеасос будани ин далоил барои бисёре аз таҳлилгарони огоҳ ошкор буд, чаро ки баъд аз беш аз як даҳа муҳосираи ҳамаҷонибаи Ироқ ва нуфузи неруҳои иттилоотии хориҷӣ дар Ироқ, барои ҳайати ҳокимаи Амрико ва муттаҳидони ғарбиаш мусаллам буд, ки дар он замон ҳеҷ силоҳи куштори ҷамъӣ дар Ироқ вуҷуд надорад ва ин мавзуро ҳайати бозрасонии Созмони Милал низ баъд аз бозрасиҳои мудовим борҳо таъйид карда буданд. Албатта лозим ба зикр аст, дар замони ҷанги таҳмилии Ироқ алайҳи Эрон, Саддом борҳо аз силоҳи шимиёӣ алайҳи мардуми Ироқ ва шаҳрвандони эронӣ истифода карда буд, аммо бо ҳеҷ вокунише аз сӯи қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ мувоҷеҳ нашуда буд, чаро ки манбаи аслии таҳияи ин силоҳҳо кишварҳои ғарбӣ буданд.
Аммо ба ин далел, ки Амрико барои фиреби афкори умумӣ дар сатҳи ҷаҳон дунболи баҳонаи муваҷҷаҳе буд, ин бор ва дуруст дар замоне, ки мутмаин шуда буд, силоҳҳои куштори ҷамъӣ дар Ироқ вуҷуд надорад, ба ин баҳона ва ҳамчунин баҳонаи ҳузури Алқоида дар Ироқ ва иртиботи Саддом бо онҳо ба Ироқ ҳамла карданд.
Робитаи маънидоре байни нафту ҳамлаи Амрико ба Ироқ бо тавваҷуҳ ба стратегӣ будани нафти Ироқ барои Амрико ва ҳифзи унвони қудрати ҳижмун вуҷуд дорад. Гарчӣ генерал Томи Франкс, фармондеҳи амалиёти ҳамла ба Ироқ, озодсозии манобеи санъатӣ ва чоҳҳои нафт ба нафъи мардуми Ироқро яке аз аҳдофи ҷанг эълом карда буд, вале билофосила пас аз тасаллути неруҳои низомии Амрико ва суқути режими Саддом, давлати Амрико бо ворид кардани ширкатҳои амниятӣ – паймонкорӣ, чоҳҳои нафту марокизи санъатиро ба онҳо супурд.
Ҳосили амалиёте ки «озодии Ироқ» ном дошт! Танҳо дар 3 соли оғозини ҳамлаи Амрико беш аз ниме аз пизишкони ироқӣ кишвари худро тарк карданд. То соли 2007 норасоии ғизоии кӯдакон ба 28 дарсад расид. Гузоришҳои расмӣ нишон медод, ки беш аз 60 дарсад аз кӯдакони ироқӣ дучори мушкилоти аъсобу равон шудаанд.
Ба эътирофи Доналд Трамп, давлати Амрико созандаи аслии гуруҳи террористии ДИИШ буд ва аз муддатҳо қабл ба ташкилу тарбияти ин неруҳо таҳти унвони ДИИШ мепардохтааст. Аз сӯе фазои ноамне ки ҳосили таҷовузи низомии Амрико ба Ироқ буд, бистарро барои зуҳури ин гуруҳи террористӣ фароҳам овард. Хисоратҳои ношӣ аз ҳамалоти ДИИШ ба зерсохтҳои Ироқ ва қочоқи нафту сирқати захоири тиллои Ироқ тавассути ин гуруҳ беш аз 300 миллиард тахмин зада шудааст. Танҳо дар ҳавзаи кишоварзӣ ДИИШ 40 дарсад аз кишоварзии Ироқро ба таври комили нобуди сохт.
Бо тавваҷуҳ ба ин омор комилан равшан мешавад, ки Амрико дар таҷовузи низомӣ ба Ироқ муртакиби ҷиноят алайҳи башарият шуд ва худи омор дар ин замина гӯёст ва сарпӯш гузоштан бар ин воқеияти мусалламу ошкор, он ҳам аз забони Ҷон Керри, ки дар риштаи ҳуқуқ таҳсил карда, ҷои бас тааҷҷуб дорад.