Таҳаррукоти ҷиддии “Манчестер юнайтед” барои ҷазби ситораи эронӣ
Расонаи англисӣ аз таҳаррукоти ҷиддии бошгоҳи “Манчестер юнайтед” барои ҷазби ситораи эронӣ хабар дод.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, сайти «Сокер таймс»-и Англия дар гузорише аз ҷиддӣ шудани таҳаррукоти бошгоҳи “Манчестер юнайтед” барои ҷазби Меҳдии Торемӣ, ситораи тими миллии Эрон ва узви бошгоҳи “Порто” хабар дод.
Меҳдии Торемӣ метавонад гузинаи мақрун ба сарфае барои “манчестер юнайтед” бошад.
Зоҳиран “шаётини сурх” Меҳдии Торемии муҳоҷими тими футболи “Порто”-ро зери назар доранд, ки метавонад бо маблағе ҳудуди 20 миллион доллар дар дастрас бошад.
Торемӣ фасли гузашта дар Португалия фасли бисёр хуберо сипарӣ кард ва дар 33 бозӣ 22 гол ба самар расонд ва ҳамчунин дар 7 бозии Лигаи қаҳрамонон 5 гол ба самар расонд.
Ин дуюмин давраи паёпай буд, ки муҳоҷими эронӣ ҳаддиақал 20 гол дар Лигаи Португалия ба самар расонд, дар ҳоле ки аз оғози фасли 2020 - 2021 то кунун 30 поси гол низ барои “Порто” сабт кардааст.