Декабр 25, 2016 11:08 Asia/Dushanbe
  • Ба оташ кашида шудани Маркази исломии Ливерпули Англия

Маркази исломии «ал Тавҳид»-и шаҳри Ливерпули Англия, муҷаддадан мавриди ҳамла қарор гирифт.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Миқдод Верси- Дабири кулли Шӯрои мусулмонони Англия дар Твиттер навишт, маркази «ал Тавҳид»-и Ливерпули Англия  бори дигар мавриди ҳамла қарор гирифт.

Вай афзуд, фаъолитҳои гурӯҳҳои ростгарои ифротӣ дар Ливерпул шоеъ аст ва омилони ҳамалоти қаблӣ ҳам ҳамин гурӯҳҳо ҳастанд.

Тасовире аз зарарҳои калон ба маркази «ал Тавҳид» мунташир шуда, ки нишон медиҳад, Қуръонҳо ва дигар китобҳои мавҷуд дар марказ низ ба оташ кашида шудаанд.

Бино бар ин гузоришҳо, маркази «ал Тавҳид» Ливерпули ахиран борҳо ҳадафи ҳамлаи гурӯҳҳои нажодпараст қарор гирифтааст.

Дар моҳҳои гузашта омори ҳамалот ба мусулмонон дар Аврупо ва Англия ба шиддат афзоиш ёфтааст.

Созмони «Tell MAMA», ки омори ҳамалоти физикӣ ва лафзӣ алайҳи мусулмононро сабт мекунад, июни имсол эълом кард, ки мизони ин ҳамалот дар сол 2015,  3 баробар шудааст.

 

Барчасп