Июл 10, 2023 10:37 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Лавров дар бораи ирсоли силоҳ ба Украина
    Ҳушдори Лавров дар бораи ирсоли силоҳ ба Украина

Вазири умри хориҷаи Русия дар гуфтугӯ бо Ҳакан Фидан, ҳамтои туркии худ дар бораи ирсоли силоҳ ба Украина ҳушдор дод.

Ба гузориши Садои Хуросон, Вазорати умури хориҷаи Русия дар баёнияе эълом кард: Дар гуфтугӯи Лавров ва Фидан, таваҷуҳи Анкара ба мухариб будани ҷараёни таъмини таслиҳот ба Киев ҷалбу таъкид шуд, ки чунин иқдомоте танҳо паёмадҳои манфи дорад.

Вазорати умри хориҷаи Русия афзӯд: Ду тараф бо тамаркуз бар таҳаввулоти ахири Украина, дар хусуси минтақа аз ҷумла бозгашти фармондеҳони Азов аз Истамбул ба Киев , табодули назар карданд.

Лавров ва Фидан бори дигар аҳамияти тақвияти эътимод миёни Русия ва Туркия таъкид карданд.